Таҷлил аз рӯзи умумиҷаҳонии туризм
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 27-уми сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии туризм конфронси дуюми миллии туристии Тоҷикистон таҳти унвони «Дидгоҳи мо. Стратегияи мо. Нақшаи мо» оғоз ёфт. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳои манфиатдори соҳаи туризмро аз бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ барои баррасӣ ва муҳокимаи туризм ҳамчун ҷанбаи асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бо ҳам меорад.Дар амалигардонии Барномаи давлатии рушди туризм дар давраи солҳои 2010-2014 намояндагони ҳамаи бахшҳои туризм, муассисаҳои таълимӣ, вазорату кумитаҳо ва созмонҳои байналмилаливу сафоратхонаҳо низ ширкат меварзанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






