Таҷлили 20 — солагии ҶТ дар Туркия
Анқара, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Анқара бахшида ба 20 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси расмии қабул ороста шуд. Дар ин чорабинӣ вазири рушди Туркия Ҷевдет Йилмаз, намояндагони корпуси дипломатии муқими Туркия, ҷамъияти тоҷикон, тоҷирон, ҳамчунин ВАО маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарифов зимни суханрониаш зикр намуд, ки истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки тоҷикон баъди садсолаҳо ба даст овардаанд. Тоҷикистон тайи 20 – соли Истиқлолияти худ ба ваҳдату ягонагии миллӣ муваффақ шуда, дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва иҷтимоиёт ба комёбиҳои зиёде ноил гардид. Он чиз хурсандиовар аст, ки чорабинии имрӯза бахшида ба 20 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари дӯсту бародари Туркия сурат мегирад.Вазири рушди Туркия Ҷевдет Йилмаз дар навбати худ иброз дошт, ки Тоҷикистону Туркияро фарҳанги волою пурмазмун муттаҳид месозад, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ яке аз саромадҳои он аст. Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки ҳар ду кишвар заминаи хуби ҳамкории минбаъдаро доранд. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд ҳам мустаҳкам хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






