Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар Урал

Сентябрь 12, 2011 10:33

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Дар арафаи 20 – умин солгарди эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҷамъияти тоҷикон дар ду шаҳри минтақаи Урали Федератсияи Русия ин иди фархундаро таҷлил намуданд.Дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Федератсияи Русия маросими идро фаъолони Бунёди пуштибонӣ ва рушди равобити фарҳангию тиҷоратии «Мадад» — и шаҳрвандони Тоҷикистон бо мусоидати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Намояндагии Русия созмон доданд. Дар Хонаи дӯстии халқҳои шаҳри Магнитогорск маҷлиси ботантана баргузор шуд, ки дар он раиси Бунёди «Мадад» Бахтиёр Султонов, корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар Русия Шоҳназар Табаров, муовини сардори Раёсати шаҳрии фарҳанг Елена Гришко, муҳаррири рӯзномаи «Магнитогорский металл» Элла Гогелиани, раиси мухторияти миллию фарҳангии ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Орск Абдуқаюм Тошов суханони табрикӣ гуфтанд.Сипас дастаи мутрибони «Баҳор» ҳунарнамоӣ намуд. Меҳмонони ин чорабинӣ суруду оҳангҳои миллии тоҷикиро бо кафкӯбиҳо писанд намуданд.

Сентябрь 12, 2011 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад