Таҷлили рӯзи Рӯдакӣ
Қурғонтеппа, 19 сентябр (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).-22 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қурғонтеппа Рӯзи Рӯдакиро ҷашн мегиранд. Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи маъмурияти вилояти Хатлон Бобоҷон Саидов иттилоъ дод, худи ҳамон рӯз дар назди ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ чорабинии ботантана баргузор мешавад.Дар чорабинӣ иштироки олимони шинохтаю ходимони илм, инчунин баромади ҳунармандони театри маҳаллӣ ва барномаи калони консертӣ дар назар дошта шудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






