Тафтиши геологии иншооти зарардида дар Суғд
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, дар вилояти Суғд мушоҳида ва тафтиши геологии 14 иншооти хоҷагии халқи ноҳияҳои Ғончӣ ва Панҷакент анҷом дода шуд. Ҳангоми мушоҳида ва тафтиш муайян шуд, ки зарари аз офати табиӣ ба 8 иншооти ноҳияи Панҷакент расида миллионҳо сомониро ташкил медиҳад.Дар ноҳияи Ғончӣ асосан деҳаҳои ба ҷамоати деҳоти Овчӣ тааллуқ дошта мавриди муоинаи геологӣ қарор дода шуданд. Дар деҳаи Метки ноҳия, ки хавфи лағжидани кӯҳ аз эҳтимол дур нест, муоинаи такрорӣ гузаронида шуда, аз оқибати он ба сохторҳои марбута мактуб ирсол шуд. Дар соҳаи омӯзиш ва кам кардани равандҳои хатарноки экзогении геологӣ дар минтақаҳои гуногуни ҶТ бо намояндагони ташкилоти ғайридавлатии «Хилфсворк», Университети «БОКУ» -и Австралия ва мутахассисони Бонки Рушди Осиё ҳамоиш гузаронида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






