Талаби замону амри тақдир
Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). — Нооромиҳои Афғонистон баъди Инқилоби Савр дар охири солҳои 70-уми асри ХХ шурӯъ гардиданд. Ҳатто вуруди қӯшунҳои маҳдуди Шӯравӣ, ки ба муддати 10 сол бо хоҳиши Ҳукумати онвақтаи Афғонистон ворид гардида буд, натавонист вазъро пурра ба эътидол орад. Ҳузури қӯшунҳои Шӯравӣ дар хоки Афғонистон дар ёди мардуми собиқ Шӯравӣ чун хоби даҳшатнок ва ё як хотироти нохушоянд боқӣ хоҳад монд. Зеро дар ин воқеаҳо зиёда аз 13 ҳазор сарбозу афсари Шӯравӣ ҳалок гардида, нафарони зиёд осеби сахт дида буданд.Хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев дар китоби «Талаби замону амри тақдир», ки ба тозагӣ нашр кардааст, дар бораи воқеаҳои ҳамондавраи Афғонистон маълумоти мухтасар дода, ҳаёту фаъолияти як идда афсарон ва сарбозони башардӯстро рӯи қоғаз овардааст.Муҳарририи китобро ҷанговари интернатсионалист Абдуғаффор Қурбонов ба ӯхда дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






