Таомҳои тоҷикӣ ба китоби ҷопонӣ шомил шуданд

Сентябрь 14, 2011 11:25

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Ҷопон китобе таҳти унвони «Дастархони сафоратҳо» интишор гардид, ки аз пухту пази тамомҳои миллии бархе кишварҳо нақл мекунад.
Ба ин китоб таомҳои миллие шомил шудаанд, ки 48 сафорат аз ҷумлаи 211 сафорату созмонҳои байналмилалии муқими Ҷопон пешниҳод намудаанд.
Мувофиқи хабари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду саҳифаи китоб ба таомҳои миллии тоҷикӣ ва усулҳои пухту пази онҳо бахшида шудаанд. Ин маълумотро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ғуломҷон Бобозода дастраси ҷониби Ҷопон намуд.
Қобили зикр аст, ки қаблан шабакаи телевизиони «Фуҷи» — и Ҷопон тайи панҷ рӯз барномаи махсусро перомуни Тоҷикистон ва таомҳои миллии тоҷикон ба маърази намоиш гузошта буд.

Сентябрь 14, 2011 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад