Таъсиси бунгоҳҳои фосилавӣ
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) Субҳонқул Камолиддинов, дар заминаи донишгоҳи мазкур беш аз 10 сол боз маркази таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад.Ба иттилои манбаъ, маводи таълимиву методии маркази таълими фосилавӣ аз Донишгоҳи давлатии иқтисоду омор ва Донишкадаи технологии хӯлаву пӯлоди шаҳри Маскав дастрас карда шудааст. Бо ёрии ин донишкадаву донишгоҳ китобҳои зиёди электронӣ вориди маркази таҳсилоти фосилавӣ гардонида шудаанд. Донишҷӯёни ДТТ ба номи М. Осимӣ ҳамарӯза имкони истифодаи китобхонаи электрониро пайдо намуданд. Тавассути ин китобхона дари донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Маскав барои донишҷӯёни ДТТ ҳамеша кушодааст.- Мо дар қаламрави кишвар имкони ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавиро дорем. Тасмим гирифтаем дар маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ бунгоҳҳои таҳсилоти фосилавиро таъсис диҳем,- иброз дошт С. Камолиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






