Таъсиси маркази байналмилалӣ дар Балҷувон
Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи кӯҳистони Балҷувон муассисаи давлатии «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ» ба истифода дода шуд.Маркази мазкур дар асоси банди 12-и «Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012» созмон дода шудааст.Сохтмони бинои Марказ соли 2007 оғоз ёфта, барои пурра ба истифода додани он беш аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. То имрӯз ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расидаанд. Марказ тибқи нақша дар зарфи 2 сол пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.«Маркази байналмилалии тавонбахшӣ» барои 150 ҷой пешбинӣ шуда, алҳол як қисми он, яъне 20 ҷой ба истифода дода шудааст.Зарурати таъсиси Маркази мазкур аз афзоиши теъдоди ниёзмандон ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон, ки ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва аз минаҳо зарардида вобаста аст, бармеояд.Аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки барои ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифтан дар Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони Чорбоғ зиёда аз 300 нафар кӯдакон дар навбатанд, ки беш аз сад нафари онҳо сокинони вилояти Хатлон мебошанд. Таъсиси Марказ дар Балҷувон барои ба табобат фаро гирифтани кӯдакони нисбатан маъюб ба усулҳои нисбатан замонавии тавонбахшӣ мусоидат менамояд.14.27.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






