Тоҷикистон — Ӯзбекистон : бозии ҷолиб
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 2 сентябр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар чаҳорчӯбаи вохӯрии якуми даври сеюми сабқати интихобии Мусобиқоти ҷаҳон — 2014 дар минтақаи Осиё бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон қувваозмоӣ менамояд.Ин бозӣ соати 16 — у 30 дақиқа дар варзишгоҳи «Метталург» — и шаҳри Турсунзода сурат мегирад.Тавре сомонаи расмии Клуби футболи «Истиқлол» хабар медиҳад, 1 сентябр дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Ширкент» — и шаҳри Турсунзода бо иштироки сармураббиҳои ҳар ду даста конфронси матбуот баргузор шуд. Қаблан ҳар ду дастаи мунтахаби миллӣ шаш вохӯрӣ гузаронида буданд. ки дар онҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон як ғалаба ба даст оварда, се бозиро дуранг намуда ва дар ду бозӣ мағлуб шуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






