Вазъияти экологии ТАЛКО баррасӣ шуд
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). — 15 сентябр дар шаҳри Турсунзода семинар дар мавзӯи «Боғи табиию таърихии Ширкент ва масъалаҳои экологияи КВД ТАЛКО» баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Турсунзода, ТАЛКО, экологҳо ва журналистон иштирок доштанд.Сардори шӯъбаи ҳифзи ҳавои атмосфера Шамс Назаров дар бораи экологияи корхонаи алюминий ва ҳудуди наздики он сухан карда, зикр намуд, ки ифлосшавии ҳавои атмосфера ду сабаб – сабабҳои табиӣ ва антропогенӣ дорад. Ҳоло 98 фоизи партовҳои корхонаро поло (филтр) – ҳо безарар гардонида, фақат 2 фоизи он дар ҳаво паҳн шуда, ягон грамми он ба ҳавои Ӯзбекистон намерасад.Дар худи корхона ва канори он дар масофаи аз 1 то 12 километр озмоишгоҳҳои санҷиши натиҷаи сифати об ва ҳаво фаъолият доранд.«Дар корхона барои беҳсозии вазъи экологӣ кори зиёде иҷро мешавад. Масъалан, барои ин мақсад таҷҳизоти нави поккории ҳаво харида шудааст. Аз соли 2005 то соли 2010 барои ин мақсад аз 12,5 то 30 миллион сомонӣ сарф шудааст», — гуфт Шамс Назаров.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






