Вазорати молия маблағгузориро афзуд
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Яке аз омилҳои асосии дар мӯҳлати муайян захира намудани намудҳои сӯзишворӣ дар муассисаҳои соҳаи буҷетӣ ин саривақт аз ҷониби Вазорати молия ҷудо гардидани маблағҳо мебошад, ки дар ин самт нисбат ба солҳои гузашта пешравиҳо дида мешаванд.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ аз рӯи хароҷоти пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқу гармӣ ва гази табиӣ ба ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф — 4,7 млн. сомонӣ, тандурустӣ 1,3 млн. сомонӣ, фарҳанг 422 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1 миллион сомонӣ ва идоракунии давлатӣ 2,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ намудааст. Дар ин давра барои хариди сӯзишворӣ ва маводи молидании соҳаҳои номбаршуда 9,4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 2,7 млн. сомонӣ ё 40 фоиз зиёд мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






