Воридоти 180 млн. метри мукааб гази табиӣ ба ҷумҳурӣ

Сентябрь 23, 2011 12:49

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Фаъолияти мунтазами корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, махсусан дар мавсими тирамоҳу зимистон аз таъминоти бонизоми гази табиӣ вобастагии калон дорад. Дар соли 2011 интиқоли газ ба ҷумҳурӣ дар асоси Шартномаи баимзорасида бо Ширкати “Узтрансгаз” мувофиқи ивазшавии нархи умумиҷаҳонии маҳсулоти нафтӣ амалӣ гардида истодааст. Дар асоси шартномаи мазкур дар соли 2011 воридоти 180 млн. метри мукааб гази табиӣ пешбинӣ шудааст. Дар 8 моҳи аввали соли равон нақшаи воридот ба 112 млн. метри мукааб баробар буда, аслан дар ин давраи соли ҷорӣ 123,1 млн. метри мукааб, яъне 11,1 млн. метри мукааб зиёдтар гази табиӣ ворид шудааст. Талафоти техникии он 7,4 млн. метри мукааб, 8,5 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (10,9 фоиз) 2,4 фоиз кам мебошад. Имрӯз ҳаҷми шартномавии гази табиии то охири сол ба ҷумҳурӣ воридмешуда 49 млн. метри мукааб боқӣ мемонад.  Соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ барои гузаронидани корҳои барқарорсозии соҳа 2,1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то 1 –уми сентябр 1,9 млн. сомонӣ азхуд карда шудааст, аз ҷумла дар азнавсозии шоҳқубури “Қизил-Тумшуқ-Душанбе” ва “Қизилқалъа” дар ноҳияҳои Хуросон ва Рӯдакӣ бо дарозии 2 180 метр, шоҳқубур ба самти Истаравшан 900 метр ва ғайра.   Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти энергия”-и бахши газ ба ҷумҳурӣ 93 ҳазор дона ҳисобкунакҳои гази инфиродӣ ба маблағи 1,8 млн. доллари амрикоӣ, 150 дона ҳисобкунакҳои гурӯҳӣ ба маблағи 650 ҳазор доллари амрикоӣ ва 22 адад ҳисобкунакҳои ултрасадо ба маблағи 847 ҳазор доллари амрикоӣ ворид гашта, аз онҳо тибқи нақша 80 ҳазор адад ҳисобкунакҳои газии инфиродӣ ба маблағи 2,4 млн. доллари амрикоӣ насб гардидаанд.

Сентябрь 23, 2011 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад