Вуруди 14 ҳазор тухми мурғи гӯштӣ ба фабрика

Сентябрь 7, 2011 15:50

Мӯъминобод, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Бино ба иттилои директори фабрикаи мурғпарварии ноҳияи Мӯъминобод Давлат Юсуфов ба фабрикаи онҳо аз тарафи ширкати Мозандарони Давлати Исломии Эрон 14 ҳазор тухми мурғи гӯштӣ ворид гардид. Мақсад аз ворид гардидани тухми мурғ рушди соҳаи мурғпарварӣ ва бештар ба фурӯш баровардани гӯшти мурғ дар мағозаҳои ноҳия ва берун аз он мебошад. Айни ҳол дар фабрика 10 ҳазору 700 чӯҷа ва 6 700 мурғ парвариш ёфта, вазни ҳар як мурғ аз 1,5 то 2 кг – ро ташкил медиҳад. Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои корхона 100 гектар замин ҷудо гардида, аз фонди ҳукумати ҶТ барои рушди соҳаи мурғпарварӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Сентябрь 7, 2011 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад