Юсуф Абдусаломов ба Туркия меравад
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади татбиқи сиёсати давлат ва барномаҳои давлатӣ дар самти тарзи ҳаёти солим 11 – 12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қаиқронӣ миёни наврасони солҳои таваллуди 1996 – 1998 доир мегардад.Дар мусобиқа ҳайати дастаҳои вилоёти Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Қурғонтеппаю Душанбе ширкат хоҳанд кард.Ҳамчунин, аз 12 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Истанбули кишвари Туркия мусобиқоти ҷаҳон доир мегардад.Кишвари моро дар ин чорабинӣ узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини тарзи озод Юсуф Абдусаломов ва узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини юнонӣ — румӣ Аҳмад Қодиров муаррифӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






