Зафари «Зафар»
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и ноҳияи Зафаробод 1 сентябри соли ҷорӣ нақшаи солонаи пахтасупориро иҷро кард. Аз майдони 52 гектар ба нуқтаҳои пахтатайёркунӣ ба ҷойи 88,4 тонна 105 тонна «тиллои сафед»-и деҳқонони хоҷагӣ ворид гардид. Аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 20,3 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки деҳқонони ин хоҷагӣ то охири мавсим боз 100 тоннаи дигар пахта ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 38 – 40 сентнерӣ мерасонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






