Зуҳуров ба Кобул рафт
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 23 сентябри соли 2011 ҷиҳати иштирок дар маросими ҷанозаи собиқ Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба Кобул — пойтахти Афғонистон рафт.Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар сафар ба Афғонистон Ш. Зуҳуровро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва дигар шахсони воломақоми расмӣ низ ҳамроҳӣ менамоянд.Бояд тазаккур дод, ки саҳми марҳум Бурҳониддин Раббонӣ дар таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон ва раванди истиқрори сулҳу субот дар кишвари мо, хусусан дар бозгардонидани гурезаҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон назаррас мебошад.Муносиботи Душанбе ва Кобул дар замони президентии марҳум ҷаноби Раббонӣ ба марҳилаи нав ворид шуда буд. Алҳол ба сатҳи олӣ расидани ин равобит самараи заҳмату талошҳои сиёсатмадори барҷаста –Бурҳониддин Рабонӣ ба шумор меравад.Тоҷикистону Афғонистон, ки дорои муштаракоти забониву фарҳангӣ ва таърихиву мазҳабӣ мебошанд, дар ҳолатҳои душвор ҳамеша дар паҳлӯи якдигар қарор доранд ва дар мушкилтарин шароит аз мавқеи ҳамдигар ҷонибдорӣ менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






