«111» — хадамоти наҷотдиҳӣ омода аст
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 14 октябр дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи маркази идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ доир гардид. Дар маросими кушодашавии марказ намояндагони Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазорату идораҳои кишвар, намояндагони Ҳукумати Ҷопон, Созмонҳои байналмилалӣ оид ба муҳоҷират, ҳамчунин як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд. «Таъсиси маркази миллии идоракунии вазъи бӯҳронӣ мутобиқат ба шароити кунунии замони муосир дар самти омодабошии наҷотдиҳӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Ин марказ барои воридшавӣ ба фазои ягонаи иттилоотӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат намуда, дорои техникаву таҷҳизоти муосири соҳа мебошад. Минбаъд шӯъбаву хадамоти алоҳидаи он дар шаҳру вилоятҳои кишвар фаъолият карда, ба сокинони кишвар дар сурати сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта хизмат мерасонанд», — зикр намуд Раиси Кумитаи мазкур.Мавриди зикр аст, ки рақами кӯтоҳи фаврии алоқаи «111»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ ба сифати рақами даъвати хадамоти таъҷилии пешгирӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ба ҳисоб рафта, зангҳои воридотӣ ба таври ройгон сурат мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






