Ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба муҳорибаи универсалӣ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Аз 20 то 25 сентябри соли равон дар шаҳри Анапаи Русия мусобиқаи варзишӣ оид ба муҳорибаи универсалӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ варзишгарони 30 давлат, аз ҷумла Русия, Украина, Молдова, Қазоқистон, Узбекистон, Сурия, Булғористон, Литва ва Чехия ширкат варзиданд. Кишвари моро дар ин чорабинӣ Собир Каримов-сармураббӣ ва варзишгарон Хуршед Нуров, Мубориз Амирбеков ва Маҳмадюнус Ризоев муаррифӣ карданд.Хуршед Нуров дар вазни 55 кг миёни ҷавонони 16-17 сола сазовори медали тилло ва унвони чемпиони ҷаҳон гардид.Мубориз Амирбеков дар вазни 50 кг байни наврасони 14-15 сола соҳиби медали нуқра гардид.Маҳмадюнус Ризоев дар вазни 80 кг миёни ҷавонони 16-17 сола медали биринҷиро соҳиб шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






