Қадрдонии донишмандону шоирони тоҷик

Октябрь 20, 2011 17:19

Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Алиризои Навин шаҳрдори Табрез, дар маросими анҷоми ҳафтаи фарҳангии Табрез дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба як гурӯҳ аз шахсиятҳои шинохтаи тоҷик- Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди маъруфи тоҷик, Меҳмон Бахтӣ, Раиси  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Исомиддин Салоҳиддинов, раиси ҷамъияти «Пайванд», шоир Аскар Ҳаким ва Ориёнфар Шамсулҳақ,  атташеи фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Душанбе,  нишонҳои «Табрез», Камоли Хуҷандӣ» ва «Шаҳриёр»-ро тақдим кард. Ҳамзамон, шаҳрдори Табрез ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари  Шеърдӯст нишони «Табрез»-ро супорид. Бояд зикр кард, ки шахсиятҳои зикршуда барои саҳми шоистаашон дар ташаккули илму фарҳанги кишварҳои форсизабон –Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо нишонҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шудаанд.Маросими ҳафтаи фарҳангии Табрез дар Театри опера ва балети ба номи устод С. Айнӣ дар Душанбе бо  суханрониҳои пурмуҳтавои шахсиятҳои шинохтаи ҳар ду кишвар  ва ҳунарнамоии гурӯҳи мутрибону овозхонони табрезӣ ҳусни анҷом ёфт.Назар ба иттилои Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе,  нишонҳои «Табрез», «Камоли Хуҷандӣ» ва «Шаҳриёр» аз ҷониби шаҳдори Табрез ҳамчунин, ба раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони  илмию фарҳангии вилояти Суғд тақдим гардидаанд. Нишони «Табрез» барои шахсиятҳои сиёсию ходимони давлатӣ  ва нишонҳои «Камоли Хуҷандӣ» ва «Шаҳриёр» барои донишмандон ва шахсиятҳои фарҳангӣ махсус гардонида шудаанд.Табрез маркази маъмурии вилояти Озарбойҷони Шарқӣ буда, бо аҳолии ду миллионааш аз шаҳрҳои бузурги Эрон маҳсуб меёбад. Табрез бо шаҳри Хуҷанд- маркази маъмурии вилояти Суғд паймони бародарӣ бастааст.

Октябрь 20, 2011 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд