Қоҳир Расулзода раисони навтаъиншударо муаррифӣ намуд

Октябрь 31, 2011 16:37

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омад. Аз ҷумла, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар тақсим ва истифодаи замин бо Фармони Президенти мамлакат аз вазифа озод карда шуд.Тибқи Фармонҳои Президенти мамлакат С. Мирхолиқов аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Р. Каримов. аз вазифаи раиси шаҳри Қайроққум озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъйин гардиданд. Ҳамчунин бо Фармони Президенти мамлакат Х. Юлдошев иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққум таъйин шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иҷрокунандагони вазифаи раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуровро ба кормандон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои зикргардида дар вазъияти тантанавӣ муаррифӣ намуд.«Рисолати ҳар як ходими давлатӣ, алалхусус раисони шаҳру навоҳӣ ва дигар роҳбарон пеш аз ҳама хидмати халқ намудан, ҳамдилу ҳамнафаси мардум будан, ободкору созанда, бовиҷдону ҳалолпеша будан аст», — таъкид дошт Қоҳир Расулзода.

Октябрь 31, 2011 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад