Қ. Расулзода пахтакоронро қадрдонӣ намуд

Октябрь 21, 2011 17:16

Суғд, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ намуда, дар тантанаи  зафари пахтакорони ноҳия ширкат варзид ва аз иншооти иҷтимоии ноҳия боздид кард. Тантанаи бошукӯҳи пахтакорон дар майдони ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар маркази ноҳия бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, деҳқонону пахтакорон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, зиёиёни ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов маҷлиси тантанавиро ифтитоҳ намуда, аз дастгирии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати рушди кишоварзии ноҳия  сухан гуфта, таъкид намуд, ки бо дастгирии давлат деҳқонони ноҳия тавонистанд нақшаи меҳнатиро сарбаландона иҷро намоянд.
 
Дар вазъияти тантанавӣ Қоҳир Расулзода ба пешқадамони маъракаи ҳосилғундорӣ тӯҳфаҳои боарзиш тақдим намуда, ҳамчунин ба сардори идораи маорифи ноҳия 10 адад компютер ва 2 адад принтер тӯҳфа кард.
 
Кормандони маорифи ноҳия ҳамасола аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ  дар канор намонда,  баҳри беталаф ҷамъоварӣ гардидани  «тиллои сафед» саҳми аразанда мегузоранд.  Имсол низ ин иқдоми онон идома ёфта,  2300 тонна «дурри гаронбаҳо» ҷамъоварӣ намуданд. Ва раиси вилоят ин ёрмандии маорифчиёнро қадрдонӣ намуда ба шӯъбаи маорифи ноҳия микроавтобуси тамғаи «Газел» тӯҳфа намуд.

Октябрь 21, 2011 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад