Ҳаҷми умумии Буҷаи давлатии ҶТ афзоиш ёфт

Октябрь 18, 2011 13:13

Душанбе, 18  октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). –  Ҳаҷми  умумии Буҷаи  давлатӣ  аз  рӯи  натиҷаи   семоҳаи  сеюми  соли равон  6  миллиарду  53  миллиону 700 ҳазор сомониро  ташкил  дод. Мувофиқи  маълумоти пешакии Вазорати молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дар  ин  давра  ҳаҷми  умумии   буҷаи  давлатӣ  баробари  5  миллиарду  351 миллиону   400  ҳазор  сомонӣ  буд. Тайи  моҳҳои  январ  — августи  соли  равон  даромади  андоз  3,7  миллиард  сомониро  ташкил  дода,  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2010  баробари  983  миллиону  700 ҳазор  сомонӣ  афзуд. Дар  ин  давра  хароҷоти буҷаи давлатӣ  5,2  миллиард  сомониро ташкил  дода ва  нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  2010 баробари 1,1  миллиард  сомонӣ  зиёд  шуд.Хотирнишон  месозем, ки  ҳаҷми  буҷаи  давлатии  Тоҷикистон  барои  соли  2011  нисбат ба  ҳаҷми  буҷаи  давлатии  соли  2010  — ум  21,14  фоиз  афзуда ва ба 8,3  миллиард  сомонӣ (қариб 1,89 миллиард доллари  ИМА)  мерасад.

Октябрь 18, 2011 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш