Ҳамкории ҶТ ва ҶИА

Октябрь 18, 2011 14:24

Душанбе, 18  октябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). –    Дирӯз  ҳайати  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон  бо  роҳбари  муовини  вазири корҳои  дохилии ҶИА  генерал —  полковник  Бозмуҳаммад  Аҳмадӣ  ба  шаҳри  Хоруғ  омад.Дар  ин  бора ба  АМИТ «Ховар»  дар  маркази  матбуоти Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  назди  Президенти  ҶТ  хабар  доданд.Мувофиқи  суханони  манбаъ,  мақсад  аз  ин  ташриф  таҳким  бахшидани  ҳамкории  ҳар  ду  идора  дар  мубориза  бо гардиши  ғайриқонунии  маводи  нашъаовар, ҷилавгирии қочоқи   маводи  мухаддир  ва  роҳ надодан  ба нашъамандӣ,  ҳамчунин  таълими  кормандони  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқи ҶИА мебошад,  зеро  яке  аз  самтҳои  асосии  фаъолияти  муштараки  Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Вазорати  корҳои  дохилии  Афғонистон  иборат  аз  таълими  кормандони  пулиси  бахши  маводи  нашъаовари  Афғонистон  дар  донишкадаҳои  махсуси  кишвар  маҳсуб  мешавад.Тавре  дар  маркази  матбуот  иттилоъ  доданд,  имрӯз, 18  октябр,  дар  шаҳри  Хоруғ  мулоқоти  раиси  вилоят  Қодири  Қосим  ва  намояндагони  сохторҳои  қудратии  вилояти ВМКБ  бо  муовини  вазири  корҳои  дохилии Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон  Аҳмадӣ  баргузор  шуда,  дар  он  директори  Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  афсарони  бахши  мухобираи  агентӣ,  ҳамчунин  намояндагони  пулиси  Афғонистон  ва  Созмони  Милали  Муттаҳид иштирок  менамоянд. Бозмуҳаммад  Аҳмадӣ  дар  ҷараёни  сафараш  19 ва  20  октябр  дар  шаҳри  Душанбе  бояд бо  роҳбарони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  ва  сохторҳои  қудратии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  якчанд  мулоқот  анҷом  диҳад.

Октябрь 18, 2011 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд