Ҳамоиши шеърӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бори нахуст нимаи аввали моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанд маҳфили шеър дар мавзӯи ҳимоят аз шахсони барҷомондаю ниёзманд баргузор мешавад.Ин чорабинӣ бо ибтикори намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи дар вилояти Суғд будаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он шоирону адибони вилоят, ки дар мавриди ашхоси барҷомонда ва ниёзманд шеърҳо эҷод намудаанд, иштирок намуда, намунаҳои ашъори худро қироат мекунанд.Саидҷаводи Разавӣ, мудири намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз ташкили ин чорабинӣ бо ҳам овардани шоирону адибонест, ки дар бораи ҳаёти шахсони маъюбу барҷомонда ва эҳтиёҷманд шеъру достонҳо эҷод намудаанд ва ба ин васила ҷалб намудани назари онҳо ҷиҳати ҳар чӣ бештар инъикос додани ин мавзӯъ аст. Баргузории нахустин маҳфили шеър дар мавзӯи тараннуми ҳаёти шахсони барҷомонда, ки қисми ҷудонопазири ҷомеаянд, ба таҷассуми корҳои хайр, муҳаббату самимияти мардум нисбат ба шахсони барҷомонда мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






