Ҳамрохон Зарифӣ — Раиси ояндаи Шӯро

Октябрь 12, 2011 09:28

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дирӯз  дар шаҳри Кувайт ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) кори худро идома дод.Тибқи рӯзномаи ҷаласа баъди суханронии роҳбарони ҳайатҳо, Раиси вохӯрии машваратии ҳамоҳангсозони фаъолияти МҲО бо ҳисоботи натиҷаҳои вохӯрии номбурда сухан гуфт. Ҳисоботи мазкур аз ҷониби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё тасдиқ гардид. Иштирокчиёни ҷаласа қарор оид ба макон ва вақти гузаронидани ҷаласаи навбатии ШВКХ МҲО, ҳамчунин ҳуҷҷати ниҳоӣ – Эъломияи Кувайтро бо иттифоқи оро қабул намуданд. Мутобиқи қарори қабулшуда, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё дар нимаи дуюми соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, баъди ҷаласаи дурӯза нишасти матбуотӣ бо иштироки Раиси амалкунандаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО – муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Кувайт доктор Муҳаммад Сабоҳ ал-Салим ал-Сабоҳ, Раиси ояндаи ин Шӯро – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсоз – муовини Вазири корҳои хориҷии Тайиланд Ҷюллапонг Нонсричай доир гардид.

Октябрь 12, 2011 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд