Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 3 октябр дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Барномаи стратегияи рушди забони давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» мизи мудаввар баргузор гардид.Дар ҷаласа Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Додихудо Саймиддинов қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҷамъомад баррасии пешниҳодҳо барои таҳияи як барномаи фарогири рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 дар бахшҳои назария ва амалияи истифодаи забон дар умури сиёсиву иҷтимоӣ ва илмӣ дар кишвар мебошад. Дар кори ҷаласа олимони забоншинос, мудирони кафедраҳои забони мактабҳои олӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.Зикр гардид, ки забони тоҷикӣ пас аз асрҳои зиёд дар замони истиқлолият дубора ба мақоми забони давлатӣ расид ва имрӯз он дар ҳама соҳаҳои муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар истифода мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






