Ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ миёни Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария як силсила санади ҳамкорӣ ба имзо расид.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария дар бораи таъмини фаъолияти муздноки меҳнатии шахсони ҳамроҳикунандаи аъзои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои доимӣ, Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба таъйиди Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя ба тасвиб расид.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин маросими тақдими ёддошти Вазорат дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ дар мавриди Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Швейтсария дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва пешниҳод оид ба эътибор пайдо намудани он барпо шуд.Зикр гардид, ки ба ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Конфедератсияи Швейтсария Сафири Фавқулодда ва Мухтори он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Неллен, ки қароргоҳаш дар шаҳри Остона мебошад, имзо гузоштанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






