Ҷаласа дар ҳузури Шоҳиён
Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 6 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи додани мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба Ашӯрбег Расулов баррасӣ гардид.Зикр шуд, ки тибқи талаботи моддаи 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакиле, ки дар натиҷаи тақсимоти мандатҳои вакилӣ дар байни ҳизбҳои сиёсӣ интихоб шудааст, мандати вай бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзаде, ки баъд аз интихобшудагон дар рӯйхати дахлдор қарор дорад, дода мешавад.Азбаски вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Ҳусейн бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин шуд, мандати ӯ аз рӯйхати дахлдори Ҳизби ҳалқии демократии Тоҷикистон бо қарори Комиссия ба Расулов Ашӯрбег дода шуда, ҳамчун вакил ба қайд гирифта шуд ва ваколаташ тасдиқ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






