Ҷаласаи корӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Октябрь 19, 2011 15:51

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ). -19 октябри соли 2011-ум дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара таҳти раисии вазири кишоварзӣ-Қосим Қосимов баргузор гардид.Дар кори  ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳаи кишоварзӣ, барномаҳои соҳаи рушди кишоварзӣ, сардорони хадамоту бозрасиҳо, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилояту  ноҳияҳо,   сардорони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, ташкилоту  муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд. Маҷлисро вазири кишоварзӣ ифтитоҳ бахшид. Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои кормандони соҳа муовини вазир Ю.Ю. Султонноёбов гуфт, ки  кишоварзони ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2011 ба миқдори 70 495 тонна ғалла, 17 9746 тонна мева, 92989 тонна ангур ва  33 0876 тонна зироати  полезӣ,  92,6 ҳазор тонна гӯшт, 46 6391  тонна шир ва 186340 ҳазор  дона тухм истеҳсол намуданд.   Доир ба масъалаи  «Дар бораи таҳлили фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» сардори  Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ С. Давлатов зикр намуд, ки  фаъолияти Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳо» ва стансияю қитъаҳои давлатии навъсанҷии ҷумҳурӣ  моҳҳои август-сентябри соли ҷорӣ  таҳти санҷиш ва омӯзиш қарор гирифт. Санҷишҳо нишон доданд, ки бо зоҳир намудани бемасъулиятӣ ӯҳдадориҳо  ба таври лозимӣ иҷро нагардида, фаъолияти имрӯзаи Муассиса ва қитъаҳои навъсанҷӣ ба талабот ҷавобгӯ намебошанд.Бинобар ин сардори Муассисаи   давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» Сафаралӣ Орипов  аз вазифааш озод карда шуд.Дар охир вазири кишоварзӣ баҳри ҳавасмандгардонии кишоварзони ҷумҳурӣ, сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла сардорони Сарраёсати вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорони раёсатҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринавро барои иҷрои пеш аз мӯҳлати  дурнамои истеҳсоли пахта бо сипосномаи Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ намуд.

Октябрь 19, 2011 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд