Ҷалби сармоягузорони турк ба Тоҷикистон

Октябрь 27, 2011 11:20

Анкара, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). Дирӯз дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбарияти ширкати бонуфузтарини Туркия дар соҳаи коркарди маъдан ва сангҳои қимматбаҳо ހ «Mineks ınternatıonal»ހ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот сафир оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ, фазои сармоягузорӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоягузорӣ маълумот дода, ширкати мазкурро барои иштирок дар татбиқи  ин лоиҳаҳо ва ташкил додани ширкатҳои муштараки тоҷикию туркӣ даъват кард. Аз ҷумла. зимни мулоқот тарафҳо соҳаи коркарди сангҳои қимматбаҳо, сохтмон ва истеҳсоли онро  муҳокима карданд. Дар навбати худ намояндаи  «Mineks ınternatıonal»ހ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда қайд кард, ки рӯзҳои наздик барои омӯхтан, баҳо додани фазои сармоягузорӣ ва гузаронидани якчанд мулоқот, аз ҷумла бо намояндагони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Октябрь 27, 2011 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад