Ҷамъоварии ғалла идома дорад

Октябрь 27, 2011 11:18

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – Дар  Тоҷикистон  ҷамъоварии  ҳосили  ғалла  идома дорад. То имрӯз беш  аз 500 ҳазор тонна  ғалла  ҷамъоварӣ  шудааст, ки  96 фоизи  нақшаи  пешбинишударо  ташкил  медиҳад. Дар  ин  бора  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  дар  Вазорати  кишоварзии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иттилоъ доданд. Мувофиқи  суханони  манбаъ, ҳосили  ғаллаи  масоҳати 255  ҳазор  гектар замин  ҷамъоварӣ  шудааст,  ки  82  фоизи  масоҳати  умумии  киштзори  ғалларо ташкил  медиҳад.  Хотирнишон  месозем, ки  имсол  масоҳати  умумии ғаллазор  баробари  беш  аз  300 ҳазор  гектар  аст. Дар  вилояти  Суғд  ҳосили  ғаллаи  62  ҳазор  гектар,  дар  вилояти  Хатлон  135  ҳазор  гектар,  дар  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ ҳосили  масоҳати  51  ҳазор  гектар  ҷамъоварӣ  шудааст.  Ғайр  аз  ин  имсол  дар  масоҳати  210  ҳазор  гектар  гандум  кишт шуда,  ҳосили  195 ҳазор  гектари он  ҷамъоварии  гардидааст.

Октябрь 27, 2011 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад