Ҷангалҳои ҶТ барқарор карда мешаванд
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 17 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов бо директори Барномаи минтақавии GIZ оид ба истифодаи самарабахши захираҳои табии Осиёи Марказӣ Рейнҳард Бодемейер баргузор шуд.Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои фаъолияти минбаъда дар чаҳорчӯбаи Барномаи минтақавӣ ва масоили авлавиятдори ҳамкорӣ, беҳдошти ислоҳоти бахши ҷангалдории Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи нав ҷиҳати васеъ ва барқарор намудани ҷангалҳои Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Татбиқи ин лоиҳа дар ибтидои соли 2012 оғоз меёбад.Ҷонибҳо аз рӯи натиҷаи мулоқот аҳд намуданд, ки перомуни масъалаҳои беҳдошти бахши ҷангалдории Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар доир намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






