Ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандони эстрадаи кишварҳои ИДМ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстона 27 октябри соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандони эстрадаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони “Небо Содружества” доир мегардад. Дар ҷашнвора Нозияи Кароматулло, Меҳрнигори Рустам ва Зикриоллоҳ Ҳакимов аз Тоҷикистон, Юлия Савичева, Сергей Лазарев, Максим аз Федератсияи Русия, Жанета Бобкова аз Қирғизистон, гурўҳи «Роҳат Лукум» аз Қазоқистон, Алена Ланская аз Беларус, Сейран Исмаилхонов аз Озарбойҷон ва Айк Каспаров аз Арманистон иштирок менамоянд.Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






