ҶДММ «АЛМ» «Ришта»-ро месозад

Октябрь 7, 2011 16:26

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» дар ноҳияи Ҳисор аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АЛМ» сохтмони корхонаи коркарди пурраи нахи пахта дар заминаи корхонаи «Ришта»-и Ҳисор, ки солҳои охир аз фаъолият бозмонда буд, аз 1 ноябри соли 2010 ба кор оғоз намуд.То имрӯз 75 контейнер таҷҳизоти технологӣ ба корхона ворид шудааст. Маблағ барои харидорӣ намудани таҷҳизот аз Ширкати «Ҷийеме Филатии» 6 млн 500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мутахассисони итолёвӣ ва мутахассисони худи корхона дастгоҳу таҷҳизоти воридшударо аз сехи тайёркунӣ то маҳсулоти тайёри ришта васл кардаанд, ки омодаи кор мебошанд.Навбати аввали истеҳсоли корхонаи ресандагии ҶДММ «АЛМ» (Файзи Истиқлол) бо иқтидори коркарди 4000 тонна нахи пахта дар як сол 4 октябри соли 2011 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз намуд.Ҳоло дар корхона 208 нафар коргар кор мекунад.

Октябрь 7, 2011 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад