Ҷиу-ҷитсу дар Маскав

Октябрь 19, 2011 14:47

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар шаҳри Маскав мусобиқаи байналмилалӣ оид ба Ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз 5 варзишгари тоҷик аз клуби варзишии «Динамит» таҳти роҳбарии раиси лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта Аҳтам Хокиров ширкат намуданд. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони кишварҳои Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва  Русия бо ҳам қувва озмуданд. Дар вазни 70 кг намояндаи ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Сафаров барандаи медали нуқра гардид. Ў дар даври аввал бо варзишгари Арманистон, дар даври дуюм бо варзишгари Чеченистон ва дар муҳорибаи нимниҳоӣ бо варзишгари Қирғизистон вохӯрда, дастболо гардид. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бо варзишгари рус низ ҳунари зебо нишон дод, вале дар натиҷа ба мағлубият рӯ ба рӯ шуд. Инчунин Зуҳар Нурмуҳаммадов дар вазни 85 кг барандаи медали нуқра гардид. Рустам Акбаров дар вазни 75 кг зинаи сеюмро касб кард. Файзӣ Тобатов дар вазни 90 кг ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Баъди ин натиҷаҳо бо даъвати ноиби президенти самбои муҳорибавии Русия Михаил Смирнов тими Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи ҷоми шарқу ғарб оид ба самбои муҳорибавӣ ҷониби шаҳри Санкт- Петербург роҳ пеш гирифт. Мусобиқаи навбатӣ  20-уми октябр баргузор мегардад. Дар ин бора раиси Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта Аҳтам Хокиров хабар дод.

Октябрь 19, 2011 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад