Ҷоми AFC

Октябрь 5, 2011 17:03

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).– Бозиҳои аввали нимниҳоии ҷоми конфедератсияи  футболи  Осиё  шоми дирӯз ба поён расиданд. Дастаи «Насаф»-и Ӯзбекистон дар майдони худ дастаи «Ал-Ваҳдат»-и Урдунро қабул намуда, бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард. Сармураббии «Насаф» Анатолий Демяненко арз кардааст, ки дастааш имкон дорад дар вохӯрии дуввум ҳам натиҷаи дилхоҳро ба даст оварда, ба бозии финалӣ роҳхат гирад. Дастаи «Арбил»-и Ироқ  дар дидори дуввуми нимниҳоӣ дар майдони худ аз «Кувайт Спорт Клаб» бо ҳисоби 0 бар 2  шикаст хӯрд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 18 октябр доир мешаванд..

Октябрь 5, 2011 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш