Ҷопон дар Балҷувон мактаб месозад
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -12 октябри соли 2011 Ҳиройуки Имаҳаши, Сафири Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фотеҳ Аминов, раиси ноҳияи Балҷувон созишномаи грантиро роҷеъ ба «Лоиҳаи азнавсозии мактаби миёнаи №10 дар деҳаи «Сари Мазор»-и ноҳияи Балҷувон» ба имзо расониданд. Ҳукумати Ҷопон барои амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои қисми зиёди аҳолӣ 111 ҳазору 726 доллари ИМА ҷудо менамояд.Мактаби №10 деҳаи Сари Мазори ноҳияи Балҷувон соли 1986 бунёд шудааст. Аз сабаби фарсудагии бино ва сохтмони номувофиқ аз шифти он об мечакад ва дар фарши он тарқишҳо пайдо шудаанд. Инчунин шумораи толибилмон бо миқдори синфхонаҳо мувофиқ нест. Толибилмони синфҳои даҳ ва ёздаҳи ин деҳа маҷбуранд дар деҳаҳои ҳамсоя таҳсил намоянд.Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур бинои нави мактаб иборат аз шаш синфхона ва ду хона барои кормандони мактаб сохта мешавад. Инчунин мактаб бо таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ таъмин мешавад. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои қисми зиёди аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешаванд. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб 273 лоиҳаи кӯмаки башариро бо маблағи умумии $20 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






