Ҷосуси Чин дастгир шуд

Октябрь 6, 2011 10:54

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Парванда дар мавриди ҷосусии шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба суди шаҳри Маскав супурда шуд. Васоити ахбори омма то ҳол аз ин парвандаи ҷиноӣ хабар намедоданд. Мувофиқи тахмини тафтишот, ин шаҳрванди Чин мехост дар бораи мушакҳои зенитии С – 300 маълумот ба даст орад. Вай дар баробари ин худро ба ҳайси тарҷумон муаррифӣ мекард. Ин шахси гумонбурдаро 28 октябри соли 2010 дастгир карда буданд.

Октябрь 6, 2011 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш