300 идрорпулӣ барои хонандагони беҳтарин

Октябрь 19, 2011 11:02

Душанбе, 19  октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). – 300  нафар  хонандагони  макотиби  таҳсилоти  умумӣ,  литсейҳо,  гимназияҳо,  омӯзишгоҳҳои  касби  техникӣ,  техникумҳо  ва  коллеҷҳо, ки  аз рӯи  натиҷаи  соли  гузаштаи таҳсил  баҳои  аъло дошта ва  дар  кори  ҷамъиятӣ  фаъолона  иштирок  намудаанд,  муддаиёни  идрорпулии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гардидаанд. Мукофотро  Кумитаи  кор бо  ҷавонони   назди  Ҳукумати  Тоҷикистон  барои  соли таҳсили 2011 – 2012  таъсис  додааст.Мувофиқи  Низомномаи   идрорпулии  Президенти  ҶТ  барои  хонандагон  ин  маблағ  дар асоси  озмун  аз ҷониби  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон  супурида  мешавад.Имсол  300 нафар хонандагони  беҳтарини  донишадаҳои  зикршуда  аз  ҳамаи  минтақаҳои  ҷумҳурӣ,  шаҳру  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  ва  шаҳри  Душанбе  мукофот  мегиранд.  Пардохти  идрорпулӣ  ҳар  моҳ  дар  бахшҳои  сохтории  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон  сурат  мегирад.Дар  ин  бора ба  АМИТ «Ховар»   дар Кумитаи  кор  бо  ҷавонони  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иттилоъ  доданд.

Октябрь 19, 2011 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад