Афзоиши ҷалби маблағҳо ба буҷа
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2011 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 18,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст.Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мувофиқи маълумоти расмӣ тайи 9 моҳи соли 2011 дар миқёси ҷумҳурӣ 196 236 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4% зиёд аст. Танҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 138,8 млн. сомонӣ ворид гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






