«Анҷи»- и Мағочқалъа мураббӣ меҷӯяд.
Дастаи «Анҷи» — и Мағочқалъа яке аз мураббиҳои беҳтарини ҷаҳон- Марчелло Липпии итолиёиро барои ишғоли вазифаи сармураббӣ даъват намудааст. Бино ба хабари расонаҳо, маблағи шартномаи пешниҳодшуда 3,5 миллион евроро ташкил медиҳад. Марчелло Липпи дар гузашта дастаҳои «Ювентус», «Интер» ва дастаи мунтахаби Итолиёро машқ додааст. Гумон меравад, ки ба Липпи собиқ муҳофизатгари дастаи мунтахаби Итолиё ва «Интер» Марко Матератси, ки чанде пеш барои дидори Самуэл Этоо ба Русия омада буд, ҳамчун ёвар кӯмак мекунад.Тимошук шартномаашро бо «Бавария» тамдид мекунад.Анатолий Тимошук аз шинохтатарин футболбози украин, ки баъди аз «Зенит» рафтанаш дар дастаи «Бавария» бозӣ мекунад, шартномаашро бо ин клуб боз як соли дигар тамдид менамояд. Тибқи қарордоди нав Тимошук бояд дар 25 вохӯрии даста на камтар аз 45 дақиқа дар майдон ҳунарнамоӣ кунад. Чунин шартнома бо футболбозони хорват Ивитса Олич ва Даниел Пранич низ пешбинӣ шудааст. Манъи сигоркашӣ дар бозиҳои ниҳоии ҷоми Аврупо -2012.Бозиҳои ниҳоии ҷоми Аврупо оид ба футбол, ки соли оянда дар Украина ва Лаҳистон сурат мегиранд, чун мусобиқаи орӣ аз сигоркашӣ эълон гардид. Федератсияи футболи Аврупо сигоркашӣ, фурӯш, истифода ва тарғибу ташвиқи маҳсулоти тамокуро дар саросари варзишгоҳҳо манъ кард. Ба гуфти президенти Федератсияи футболи Аврупо Мишел Платини, «Евро-2012 – ин эҳтиром ба саломатии мухлисон ва иштирокчиёни мусобиқа хоҳад буд».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






