Асрор Воҳидов – беҳтарин боксчии ҷавони ҷаҳон дар соли 2011

Октябрь 26, 2011 16:14

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). – Ассотсиатсияи  байналмилалии  бокси  ҳаваскорон варзишгари  ҷавони  тоҷик  Асрор  Воҳидовро  беҳтарин  боксчии  соли  2011  донист. Хотирнишон месозем, ки  Асрор  Воҳидов  дар  мусобиқоти  ҷаҳон  байни  ҷавонон  дар  шаҳри  Остонаи Қазоқистон  дар  вазни  то 48  килограмм  ҳунарнамоӣ  карда,  соҳиби  медали  тилло  гардид. Маросими  супурдани  мукофот 27 ноябр  дар   шаҳри  Лондони  Британияи  Кабир  баргузор  мешавад.

Октябрь 26, 2011 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш