Аввалин парвози зоирин муайян гардид

Октябрь 10, 2011 11:02

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз, 10 октябр ҷаласаи ниҳоии ситоди ҷумҳуриявии «Ҳаҷ-2011» таҳти раёсати раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими омодагӣ ба «Ҳаҷ-2011» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар ҷаласа роҳбарияти Кумита, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, гурӯҳи кории табибон ва дигар масъулин иштирок доштанд.Муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин Ҷ. Ғиёсов роҷеъ ба рафти омодагӣ, аз қабили тартиби ҷомадонҳо, либосҳои махсус ва телфонҳои мобилӣ тавзеҳ дод.Ҳамчунин бобати ба роҳ мондани корҳои амалии фаҳмондадиҳии зоирин ҷиҳати иҷрои дурусти амалҳои ҳаҷ ва расонидани кӯмак ба пирон табодули назар сурат гирифт.Ёдовар мешавем, ки эълони парвози тайёраҳо ба самти Ҷидда рӯзи 11 октябр соати 9 . 00 — и субҳ эълон шудааст. Ҳоҷиён бояд 6 соат қабл аз парвоз дар Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шаванд.Мавриди зикр аст, ки имсол гурӯҳҳо нисбат ба соли гузашта 5 нафарӣ кам, яъне дар ҳайати 45 нафарӣ созмон дода шуданд. Дар асоси озмун бо назардошти забондонӣ ва доштани қобилияти ташкилотчигӣ роҳбаладон муайян гаштаанд.

Октябрь 10, 2011 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад