Аз асъори қалбакӣ эҳтиёт шавед
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ оид ба муомилот баровардани асъори хориҷии қалбакӣ бо моддаи 281 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии парванда аз рӯи тобеият ба ШКД – и ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардид,- иброз доштанд дар прокуратураи ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба иттилои манбаъ, 15 – уми августи соли ҷорӣ сокини кӯчаи Фирдавсӣ- 70, ҳуҷраи 23, шаҳри Душанбе Одинаев Шӯҳрат, ки дар нуқтаи мубодилаи асъори хориҷӣ фаъолият мекард аз шахси номаълум як адад асъори 100 доллараи амрикоиро харид намуда, худи ҳамон рӯз онро ба Фозилҷон Пираков, ки дар бозори Корвон ба соҳибкорӣ машғул буд, бо арзиши 447 сомонӣ фурӯхт. Баъди ду рӯз Фозилҷон Пираков фаҳмид, ки асъори хориҷии харидааш қалбакӣ мебошад. Ф. Пираков аз болои Шӯҳрат Одинаев ба прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза муроҷиат кард. Прокуратура дар асоси аризаи Ф. Пираков нисбат ба амали ҷинояткоронаи Ш. Одинаев парвандаи ҷиноӣ боз карда, онро барои тафтишоти пешакӣ ба ШКД – и ноҳия ирсол намуд. Айни замон тафтиши парвандаро дар ШКД ноҳияи Фирдавсӣ ба охир расида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи мазкур фиристонида шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






