Ба қадри заҳмати хеш бирасем
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 4 –уми октябр 95 фоизи ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, то 26 – уми сентябри соли 2011 аз майдони 300 ҳазору 213 га замини кишт 242 ҳазору 843 гектари он даравида кӯфта гирифта шудааст. Ҳосили умумии ғаллаи ҷамъоваригардида 489 ҳазору 373 тоннаро ташкил медиҳад.
Ба гуфти муовини вазир Шукрулло Раҳимназаров, ҳосилнокии заминҳои кишти ғалладона дар соли 2011 ба 20,5 сентнерӣ расонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 1,5 -2 фоиз зиёд аст. Ҳосилнокии гандум бошад аз ҳар га 22,8 сентнериро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2010 4,8 сентнерӣ зиёд мебошад.
То моҳи октябр ҷамъоварӣ нашудани гандум аз даст додани боз 3 -5 фоизи ҳосил дониста мешавад, зеро нисфи ҳосил баъди хушкидани хӯшаҳои гандум ба замин мерезад ва ё хӯроки паррандагон мегардад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин роҳ додан мумкин нест.
Дар Тоҷикистони камзамин талафи 00,1 фоизи ҳосил, ки он бо заҳмати зиёд парвариш меёбад, нафақат барои деҳқон балки барои ҳамаи сокинони он нобахшиданист,- мегӯяд муовини вазири кишоварзӣ Шукрулло Раҳимназаров.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






