Баҳриддин Камолиддинов дар фурудгоҳи Душанбе

Октябрь 6, 2011 17:14

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).– 5 октябр бахшида ба рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо забоншиноси маъруф, Доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи услубшиносии факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолидддинов мулоқот барпо гардид. Профессор Б. Камолиддинов перомуни  сабабҳои қабул шудани қонун дар бораи забони давлатӣ, раванди амалӣ шудани он ва натиҷаҳои бадастомада маълумот дода, афзуд, ки забон бақои миллат аст ва ниёз ба ғамхорӣ, ғанигардонӣ,  сайқалдиҳӣ ва риояи меъёрҳои истифодабарӣ дорад.Профессор Б. Камолиддинов зимни сӯҳбат бо кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар мавриди  хизматҳои шоёни бузургони миллати тоҷик Саидризо Ализода, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ мисолҳои зиёд оварда, таъкид намуд, ки барои ҷовидонӣ нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳар як фарди тоҷик бояд кӯшиш намояд, зеро забон бақои миллат аст.

Октябрь 6, 2011 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд