Баъди як соат ронандаи автомашина дастгир шуд
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 19 октябри соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ки онро Давронов Илҳомҷон Абдураҳмоновичи 35- сола идора мекард, ҳангоми ҳаракат ба самти кӯчаи Борбад аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саидшоев Хушвахтшоҳи 38 сола- муовини қумондони кор бо ҳайати шахсии Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Тавре ки аз ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, пиёдагард Саидшоев Х бар асари ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, ҳангоми интиқоли ӯ ба беморхона ба ҳалокат мерасад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъди як соат ронандаи автомашинаи мазкурро дастгир намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






