Барқарор намудани мактаб дар ноҳияи Тавилдара

Октябрь 28, 2011 16:24

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и ноҳияи Тавилдара баъди тармиму таҷдид  мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ба истифода додани мактаби мазкур кормандони масъули сафорати ИМА ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара иштирок намуданд. Дар бозсозии мактаби мазкур саҳми Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико назаррас аст. Мактаби таъмиршуда барои  зиёда аз 120 талаба имкони таҳсилро фароҳам оварда, шароити донишомӯзии онҳоро беҳтар мегардонад. «Барномаи ироаи  ёрии башардӯстона дар холатҳои фавқулодда ба аҳолии шаҳрвандӣ дар хориҷа» дар департаменти мудофиаи ИМА барои барқарорсозии мактаб 48 900 доллар масраф намуд.

Октябрь 28, 2011 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад