Барқияи шодбошии Э.Раҳмон ба Кристиан Вулф

Октябрь 4, 2011 15:35

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Кристиан Вулф барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:Мӯҳтарам Аълоҳазрат, Барои ман боиси ифтихор аст, ки  Шумо ва тамоми мардуми Олмонро ба муносибати солгарди иди милии кишвари Шумо табрик намоям. Дар ин рӯзҳои пурнишот мехостам, ки ҳавасмандиамонро ба рушди рӯзафзуни ҳамкории бисёрҷонибаи байни ҳар ду кишвар бори дигар иброз дорам.Боварӣ дорам, ки мо бо ҷидду ҷаҳди муштарак метавонем ба ҳамкории миёни Тоҷикистону Олмон бо василаи вусъат додани соҳаҳои он суръати тоза бахшем. Ин воқеаи фараҳбахш ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Президент, тансиҳатӣ, саодату  комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Олмон – сулҳу беҳбудиро таманно намоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 4, 2011 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад